Вазорати адлия ба 3675 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ хулоса пешниҳод кард

№13 (3963) 02.02.2019

DSC_3858- Дар нимсолаи дуюми соли гузашта Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3675 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 2871 ҳуҷҷати хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилали­дошта хулоса пешниҳод намуд, — гуфт зимни нишасти матбуо­тӣ вазири адлияи ҷумҳурӣ ­Рустам Шоҳмурод.

Зикр шуд, ки дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 20 августи соли 2018 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» муколама доир гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, татбиқи аҳдофи 16 ҳуҷҷати стратегии СММ таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор» ва «Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2023»-ро баррасӣ намуданд.

Қайд гардид, ки идораҳои нотариалии давлатӣ 558547 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки дар натиҷа ба Буҷети ҷумҳурӣ 57 368 879 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ соли гузашта 498667 ҳолат, аз ҷумла сабти таваллуд — 231272, барқарории таваллуд — 63669, вафот — 32274, никоҳ — 82556, бекоркунии никоҳ — 11013, муқаррар кардани падарӣ — 37000, фарзандхондӣ — 1132, иваз намудани насаб, ном ва номи падар 38 695 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» низ тавсеа ёфта, теъдоди бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ се маротиба зиёд гардид.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»