ВКД. 94,6 фоизи ҷиноятҳо ошкор гардиданд

№91 (4041) 27.07.2019

DSC_0233Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, аз нишастҳои пешин фарқ дошт. Тавре вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар оғоз иброз намуд, он ба тариқи селекторӣ — видеоӣ доир мешавад, зеро мансубини раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва хабарнигорон низ, ки дар толори маҷлисгоҳҳои раёсатҳои зикршуда ҷамъ омадаанд, ширкат менамоянд.

- Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12549 ҷиноят аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шуд, ки 89,5 фоизи он ошкор гардид. Аз ҷумла, 6205 ё 67 фоизи онро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ошкор намуданд. Аз ин ҳисоб кушодашавии ҷиноятҳо ба 94,6 фоиз баробар шуд. Дар ин давра 48 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, 62 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 20 таҷовуз ба номус, 14 роҳзанӣ, 10 ҳолати савдои одамон, 74 ғоратгарӣ, 541 авбошӣ, 1890 қаллобӣ, 2945 дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо рӯй доданд, — гуфт Раҳимзода Рамазон Ҳамро.

Зикр гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 226 ҷинояти хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти хусусияти экстремистидоштаро ошкор карданд. Як амали террористӣ содир гардид ва ду сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ, наваду ҳафт аъзои ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир шуд. Бо доир кардани чорабиниҳои оперативию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрванде, ки дар амалиётҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, бо мусоидати мақомот ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шуданд.

Дар ҷумҳурӣ 1311 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гардид, ки 60 килограмми онро маводи сахттаъсири героин ва 1445 адад ҳабҳои экстазӣ ташкил медиҳанд. Шумораи нашъамандон ба 5666 нафар (128 нафар зан) расидааст.

Аз ҷумлаи ҷинояткороне, ки дар кофтукови расмӣ (6215 нафар) қарор доштанд, дар нимсолаи якум 1250 нафарашон дастгир шуданд. Дар ин давра ноболиғон 386 (соли 2018- 555) ва ҷавонон 2851 (соли 2018- 2968) ҷиноят содир намуданд. Дар 522 садамаи роҳу нақлиёт 181 нафар фавтида, 567 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Вазири корҳои дохилӣ дар идома ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки аз толори калони ВКД ва раёсатҳои корҳои дохилии дар боло зикршуда садо доданд, посух гуфт. Пурсишҳо асосан ба масъалаҳои татбиқи амалии барномаи ислоҳоти милитсия, стратегияи ислоҳоти милитсия, вазъи ҷинояткорӣ дар шаҳрҳои калон, ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иваз кардани шиносномаи соли 1996 ба шиносномаи намунаи соли 2014 барои аз нав ба қайд гирифтани симкортҳои телефони мобилӣ, фаъолияти нозирони минтақавӣ дар пойтахти кишвар ва ғайра иртибот доштанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»