Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридот ва содирот. Фарқ — 2,2 миллиард доллари ИМА

№22 (4128) 18.02.2020

ТАМОЖДар нишасти матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муовини якуми сардори он Азим Турсунзода ба журналистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳояшон посух дод. Аз суханронии номбурда ва дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки соли гузашта иҷрои нақша барзиёд буда, ба 107,1  ташкил додааст.

Соли сипаригардида ба Буҷети давлатӣ ба ҷои 5 миллиарду 145 миллион сомонии пешбинигардида зиёда аз 5,5 миллиард сомонӣ ворид гардид. Гардиши тиҷорати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба беш аз 4,4 миллиард  доллар баробар  гардидааст, ки  дар қиёс ба соли 2018-ум 224,2 миллион доллар  зиёд мебошад. Иттилоъ гирифтем, ки аз ҳаҷми умумии  гардиши мол  зиёда аз 3,3  миллиард  доллар воридот ва  беш аз 1,1 миллиард долларро содирот ташкил медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии  содироти мол 21 фоиз ба Туркия, 20 фоиз ба Швейтсария, 19,6 фоиз ба Қазоқистон, 15,4 фоиз ба Ӯзбекистон,  5 фоиз ба Чин, 4 фоиз ба Россия,  3,5 фоиз ба Афғонистон,  1,8 фоиз ба Белгия ва 1,6 фоиз ба Эрон рост меояд. Соли гузашта Тоҷикистон асосан ба хориҷи мамлакат   консентрат, нахи пахта, семент, ресмони пахтагӣ, меваю сабзавот ва чарм содирот  намудааст.

Дар самти воридот Федератсияи Россия  шарики асосии тиҷоратии  давлати мо маҳсуб ёфта,  ҳиссаи ин кишвар 30,3 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин нишондиҳанда ба Қазоқистон 22,2 фоиз, Чин — 18,  Ӯзбекистон -5,1, Туркия — 4,3, Япония ва Германия — 2, Эрону Покистон ва Украина як фоизӣ марбут мебошад.

Аз маълумоти пешниҳодшуда хулоса чунин аст, ки аз хориҷа асосан   маҳсулоти нефтӣ, гандум, гази моеъ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, равғани растанӣ, шакар, чӯбу тахта, гӯшти мурғ,  дар маҷмӯъ 97 номгӯй  маҳсулот ворид гардидааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»