Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки дар ин давра 70 ҷаласаи васеи ҳайатҳои мушовараи прокуратура ва 275 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардида, вазъи ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, қочоқи молу маҳсулот, ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, қонунгузории замин, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва чораандешӣ қарор дода шуданд.
Ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 5764 маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 11000 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 4700 кас ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуданд. Инчунин, прокурорҳо 2000 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 3062 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо дахолати онҳо 701 млн. сомонӣ зарар барқарор гардид, ки нисбат ба соли гузашта 103,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Санҷиши ҳолати баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар вазорату идораҳо ва дигар субъектон як қатор қонунвайронкуниҳо, ба монанди муддати зиёд баррасӣ накардани муроҷиатҳо, ба муроҷиаткунандагон надодани ҷавобҳои хаттӣ ва дигар қонунвайронкуниҳоро ошкор намуда, нисбат ба шахсони масъули мақомоти давлатӣ 24 парвандаи ҷиноятӣ ва 325 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуд. Ба қарорҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1055 эътироз оварда шуд, ки 865 адад ва ё 82 фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошанд. Барои ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбат ба 296 мансабдор, аз ҷумла, 22 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 27 корманди сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, 49 корманди корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул 43 раиси ҷамоат, 77 муҳандис-заминсози ҷамоатҳо ва 77 роҳбари хоҷагиҳои кишоварзӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Ҳамчунин, доир ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ, истифодаи мақсадноки маблағи буҷет, азонихудкунӣ ва тасарруфи маблағи ба соҳаи тандурустӣ ҷудогардида, қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон, иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, вазъи иҷрои қонунгузории амалкунанда дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санҷишҳои дахлдор гузаронида, санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул гардиданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»