- Дар шаш моҳи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 606 ҳодисаи фавқулодаи техногенӣ ба қайд гирифта шуда, аз он 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ ва иқтисодиёти мамлакат бо маблағи 15 миллиону 583 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонидааст. Бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар шаҳрванди кишвар, аз ҷумла ду нафар дар натиҷаи омадани сел, ду кас бинобар лағжиши тарма, ду нафар аз сангрезиш ва ду нафари дигар ҳангоми раъду барқ ҷон бохтанд, — гуфт 26 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода.
Бино ба гуфти ӯ, дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 88 хонаи истиқоматӣ (16 хона пурра, 19 хона қисман), 179 иншооти ёрирасон, ду бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, ду бунгоҳи тиббӣ, 107 гектар замини кишт, 17 пул ва 298 километр роҳи мошингард зарар диданд. Ба хонаводаҳои зарардида ва офатрасида масолеҳи сохтмон, ғизо, бастаҳои беҳдоштӣ ҷудо ва сари вақт расонида шуд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар оби дарёву кӯл ва каналҳо 84 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари онҳо то 4 сол, 15 — аз 5 то 10, 24 — аз 11 то 16, 27 — аз 17 то 35 ва 11 нафар аз 35 сол боло умр доштанд.
Кормандони кумита дар ин давра дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода 62 омӯзиши ситоди мудофиаи гражданӣ, 57 омӯзиши махсуси тактикӣ, 53 омӯзиши ситодӣ ва 69 омӯзиши мудофиаи гражданӣ гузарониданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат низ омӯзишҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»