Аз нишастҳои матбуотӣ

Зимни 1285 садамаи роҳу нақлиёт 395 кас фавтида, 1357 нафар ҷароҳат бардоштанд

№20 (3970) 19.02.2019

80Соли 2018 дар ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21957 ҷиноят ба қайд гирифта, 14725 ё 67 фоиз аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуд. Кушодашавии ҷиноятҳо 88,2 фоизро ташкил намуд. Аз ин хусус ва масъалаҳои дигари вобаста ба фаъолияти оперативӣ — хизматии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 феврал доир гардид, маълумот дод.

Қайд шуд, ки соли гузаш­та дар ҷумҳурӣ 86 ҳолати одамкушӣ ва суи­қасд ба ҷони одамон, 149 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 42 ҳолати таҷовуз ба номус, 37 ҳолати савдои одамон, 1090 авбошӣ, 3161 қаллобӣ, ҳамчунин, ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳ, воситаҳои нашъадор, истифода аз силоҳ ва ғайра ба вуқӯъ пайвастааст.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки аз ҷониби ҷузъу томҳо 13 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 65 нафар дастгир гардид. Мақомоти корҳои дохилӣ 873 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро ошкор намуда, ба қайд гирифтанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳо 298 аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуд.

Аз 2479 нафар ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта 1861 нафар дастгир шуд. Ноболиғон 907 ҷиноят содир намуданд, ки назар ба соли 2017 (690) зиёд аст.

Дар 1285 садамаи роҳу нақлиёт 395 нафар фавтида, 1357 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳарчанд назар ба соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳодисаи сар задани сӯхтор кам шуда бошад ҳам, бар асари он 22 нафар ҳалок гардид.

- Ислоҳоти милитсия идома дорад. Кам сар задани ҷиноятҳо, пешгирии содиршавии онҳо, робитаи хуби мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон аз ин шаҳодат медиҳад. Мутмаинем, ки фаъолияти якҷояи милитсия ва аҳолӣ дар оянда беш аз пеш тақвият меёбад, — иброз дошт вазири корҳои дохилӣ.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»