63 иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№132(3433) 05.10.2015

 

DSC_03921. Мо ҳама аз хурд то калон як орзу доштем, ки дар  Ватанамон ҳар чӣ зудтар сулҳу оромию осоиштагӣ барқарор гардад. ( 25 августи соли 1995)

2. Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. (24 июли соли 1996 )

3. 9 сентябри соли 1991 барои мо на танҳо ҳамчун  Рӯзи истиқлолият, балки ҳамчун санаи таърихӣ азизу арҷманд аст.  (8 сентябри соли 1996)

4. Бунёдгузору поягузори арзишҳо дар олами ботинии ҳар як фард муаллим мебошад.

(5 октябри соли 1996)

5. Аҳли зиё, посдорони хираду заковати чандасраи халқамон мебошанд.  (19 марти соли 1997)

6. Ободии Ватан ин ободии рӯзгори ҳар як хонадон, фаровонии дастурхон, рӯи сурху сари баланди ҳар кадом сокини кишвар мебошад.  (21 марти соли 1997)

7. Зиндагии пурмаъно ва бобаракати собиқадорон барои имрӯзаи ҷавонон басо ибратбахш мебошад. (9 майи соли 1997)

8. Рӯзи 27 июни соли 1997 дар саҳифаи  давлатдории тоҷикон абадан нақш мебандад. (28 июни соли 1997)

9. Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридагори Зан-Модар аст. (8 марти соли 1999)

10. Халқе, ки баъд аз ҳазор сол бори дигар соҳиби давлати миллии хеш гардид, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасад. (20 марти соли 1999)

11. Ҷомеае, ки ба заковати фитрӣ ва неруи созандаи зан такя намекунад, ҷомеаи демократию дунявӣ ва дорои адолати иҷтимоӣ шуда наметавонад. (1 январи соли 2000).

12. Ҷавонон аз имрӯз бояд маърифати сиёсиашонро сайқал диҳанд, дар интихоби парламенти нав фаъолона ширкат варзанд, ба адои вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ ва идоракунии мамлакат омода бошанд. (1 январи соли 2000)

13. Агар ду хонаводаи тавоно дасти як оилаи нотавону муҳтоҷро гирад, дар ҷомеа фазои меҳрубониву самимият чӣ қадар густариш меёбад. (7 январи соли 2000)

14. Мубориза ба муқобили камбағалӣ яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати ҳукумати мост. (17 феврали соли 2000)

15. То даме ки шумо — модарон дар сари гаҳвораи миллати тоҷик ҳастед, ин миллат озод, ин кишвар обод ва ин давлат пойдор хоҳад монд. (8 марти соли 2000)

16. Уламои дин ва ашхоси бомаърифат метавонанд ҷавонону наврасонро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, дар замири онҳо инсондӯстию  поксириштӣ, кирдори неку фазилатҳои наҷиби инсониро парвариш намоянд. (16 марти соли 2000)

17. Наврӯз сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ ва воситаи муҳими сарҷамъ намудани ҳамаи сокинони кишвар, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯи зиндагии орому осуда ва пурфайзу бобарор мебошад.( 20 марти соли 2000)

18. Маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла фалсафа ва ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят намудаанд.    ( 20 марти соли 2000)

19. Афғонистонро бо фоҷиаи худаш танҳо гузоштан мумкин нест. Баръакс, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, коре бояд кард, ки оташи ҷанг дар ин сарзамин хомӯш гардад.

(26 июни соли 2000)

20. Аз оғоз то анҷоми даргириҳо ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: сулҳу салоҳ ва бо ин васила ба ҳам овардани миллату раҳоии давлати миллӣ аз парокандагӣ ва шикасти ногузир.

(26 июни соли 2000)

21. Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил зарур буд, ки ҳар як шаҳрванд моҳияти давлати миллиро дарк кунад. (9 сентябри соли 2000)

22. Пули миллӣ воқеан яке аз нишонаҳои истиқлолияти давлат аст. Ба ибораи дигар гӯем, бе пули миллӣ истиқлолияти миллӣ нопурра ва ноқис аст. (5 ноябри соли 2000)

23. Мо аллакай як маротиба меваи талхи пайравӣ аз идеологияи бегона ва умуман бегонапарастиро чашидем. (5 ноябри соли 2000)

24. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки халқи мо кайҳо дӯсту душманашро шинохтааст ва дигар фирефтаи дасисакорон намешавад. (5 ноябри соли 2000)

25. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки зиндагию фаъолияти мо минбаъд низ бояд пурра дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Яъне, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд воқеан раҳнамои зиндагиву фаъолияти ҳар як шаҳрванд, инчунин ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бошад.

(5 ноябри соли 2000)

26. Ҳаёт собит месозад, дар он хонаводае, ки Зан — модар бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд. (7 марти соли 2001)

27. Чунон ки мегӯянд, фарзанди хуб — боғи падар, фарзанди бад — доғи падар. Мо бояд фарзандонеро ба камол расонем, ки на доғ, балки боғи падару модари хеш гарданд ва нафърасони мардум бошанд. (7 марти соли 2001)

28. Зиёии ҳақиқӣ дар ҷодаи соҳибмаърифат кардани ҷомеа, баланд бурдани сатҳи шуур ва покизагии ахлоқи мардум бедареғ заҳмат мекашад. (26 марти соли 2002)

29. Зиёӣ чун зарраи хуршед — бо худафрӯзӣ, худфарсоӣ ва талошҳои пайгиронааш оламеро равшан мекунад, дили инсонҳоро ба фардои нек гарм месозад, шуълаи умедро меафрӯзад, масъалаҳои умумимиллиро ба миён мегузорад ва ҳамзамонони худро ба корҳои созандагӣ ба нафъи миллату Ватани хеш ва тамоми аҳли башар ҳидоят менамояд. (26 марти соли 2002)

30. Роҳи ягонаи раҳоӣ аз вартаи даҳшатноки ҷанг, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ, забонӣ ва мазҳабию идеологӣ, зери парчами сулҳ муттаҳид шудани халқҳои сайёра аст.

(8 майи соли 2002)

31. Пандҳои бузургони мо — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода ва дигарон дар саросари олам ба нафъи сулҳ, адолат ва ғояҳои гуманистӣ хизмат менамоянд. (8 сентябри соли 2002)

32. Фоҷиаи 11 сентябри соли 2001-ум қалби ҷаҳониёнро ба ларза овард, чунки террористони байналхалқӣ бо ин амали даҳшатангези худ на фақат ба мардуми Амрико, балки инчунин ба ҷомеаи башар зарба заданд, ба арзишҳои умумибашарӣ ва гузашта аз ин, ба амнияти сайёра дастдарозӣ карданд. (8 сентябри соли 2002)

33. Фоҷиаи 11 сентябр ҷомеаи ҷаҳониро водор кард, ки бар зидди терроризми байналхалқӣ муттаҳид шавад, дарк намояд, ки терроризм ва экстремизм ба зоти худ падидаҳои сирф миллӣ ва ё минтақавӣ нестанд, балки метавонанд дар ҳар гӯшаи дунё ба амнияти сокинони сайёра таҳдид намоянд. (8 сентябри соли 2002)

34. Глобализатсияи мушкилот ва проблемаҳо имрӯз ба ҳамаи кишварҳои олам, чӣ хурду чӣ бузург, баробар таъсир мекунад. Яъне, ҳоло давлатҳои олам дар фазои тамоман нави геополитикӣ ва тавозуни тағйирёфтаи геостратегӣ қарор доранд. (8 сентябри соли 2002)

35. Артиши миллӣ, пеш аз ҳама, бояд дорои интизоми оҳанин, таълими хуби ҳарбӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ бошад. (23 феврали соли 2003)

36. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро ба монанди забони модарии худ неку нигоҳ дошт. (20 марти соли 2003)

37. Бори дигар таъкид менамоям, ки бе донистани якчанд забони хориҷӣ роҳи наслҳои оянда ба сӯи пешрафт баста мегардад. (4 апрели соли 2003)

38. Ваҳдату ягонагӣ ва пойдории сулҳу созиш эътимодноктарин роҳи наҷот аст. (27 июни соли 2003)

39. Фаромӯш набояд кард, ки оби тоза ба мисли нафту газ ва дигар неъматҳои табиӣ аз ҷумлаи сарватҳои миллии мост ва муносибати хосаро тақозо мекунад. (1 сентябри соли 2003)

40. Мардуми тоҷик «Обу ободӣ» ва «Об-рӯшноӣ»  мегӯянд. Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо бармеоянд, таҷассум ёфтаанд. (1 сентябри соли 2003)

41. Муколама ҳамеша аз ҷанг дида, муфидтар ва амалитар мебошад. Муколама ҳамеша имкон медиҳад, ки худро аз тарсу ваҳм ва нобоварии муносибатҳои байналхалқӣ озод созем. Муколамаро истифода бурда, ҳамкории байналхалқиро ба маҷрои бунёдкорӣ равона кардан мумкин аст. (30 сентябри соли 2003)

42. Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва Ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад. (24 декабри соли 2004)

43. Ҳамаи камбудиву норасоиҳоро Ҳукумат хуб медонад ва пайваста дар андешаи рафъи онҳо мебошад. Вале бартараф кардани онҳо, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, ваҳдат ва сабру таҳаммул мехоҳад. (24 июни соли 2004)

44.  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. (5 ноябри соли 2004)

45. Рушди инкишофи ҳар як ҷомеа аз зиёиён, ки элитаи зеҳнии онро ташкил медиҳад, вобастагии зиёд дорад. (20 марти соли 2009)

46. Маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок мебошад. (15 апрели соли 2009)

47. Дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои стратегӣ, яъне таъмини аҳолии кишвар ба ғалла, саҳми бузург ва бесобиқа дошт.  (13 майи соли 2009)

48. Наврӯз ҳамчун гавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. (28 сентябри соли 2009)

49. Тибқи баъзе пешгӯиҳо то соли 2025 беш аз сеяки аҳолии кураи Замин аз нарасидани об танқисӣ хоҳанд кашид ва то соли 2050 аҳолии сайёра имконияти пурра таъмин намудани талаботи худро ба об нахоҳад дошт. (23 сентябри соли 2010)

50. Мо метавонем соҳаи боғу токпарвариро дар сурати бунёди боғҳои наву парвариши навъҳои хушсифату серҳосил, истифодаи самарабахши боғу токзорҳо ва заминҳои ҳудуди онҳо, коркарди меваҷот ва содироти меваи тару хушк ба як соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил диҳем.  (25 марти соли 2011)

51. Фарзанд мисли ниҳоле ҳаст, ки то ба камол расониданаш заҳмати доимиро талаб мекунад. (8 апрели соли 2011)

52.  Тарбияи фарзанд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад. (8 апрели соли 2011)

53. Нақши падар дар раванди тарбияи фарзанд махсус аст ва дар фарзандон ҷаҳони фикру андеша, ҷасурӣ, далерӣ, худбоварӣ, худшиносӣ, ватандӯстиро бештар тарбия мекунад. Падар сарчашмаи амнияту оромӣ ва суботи оила аст. (8 апрели соли 2011)

54. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. (1 июни соли 2011)

55. Мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳ ва хатти интиқоли барқи «Хуҷанд – Айнӣ» дар азхудкунии иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар боз як қадами устувор мебошад. (26 сентябри соли 2011)

56.  Қаламрави кунунии минтақаи Кӯлоб ва водии Вахш дар соҳили Амударё ҷой гирифта, ҳанӯз аз даврони шаклгирии ҷомеаи ибтидоӣ бошишгоҳи одамон буд. (10 сентябри соли 2006)

57. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби Кӯлоб донишманду шоири бузург ва орифи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки ӯ ҳанӯз дар асри XIV дар атрофи худ донишмандон ва адибонро ҷамъ оварда, дар минтақа ба инкишофи илму адаб ҳусни оғоз бахшидааст. (10 сентябри соли 2006)

58. Рушди соҳибкории занон, ки дар раванди вусъати соҳибкории ватанӣ мавқеи худро дорад, яке аз масъалаҳое мебошад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд. (25 декабри соли 2007)

59. Шумо, оилаҳои ҷавон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳое, ки нисбат ба шумо зоҳир мегардад, бояд барои оромиву ободӣ ва сулҳу пешрафти Ватани азизамон бо дасту дилу нияти нек заҳмат кашед ва ҷиҳати таҳкими суботи ҷомеа тамоми неруву тавоноии худро сафарбар намуда, дар ҳама ҳолат манфиати давлати соҳибистиқлоли худро ҳифз намоед.  (26 июни соли 2013)

60. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.  (30 августи соли 2013)

61. Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем. (19 марти соли 2015)

62.Ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлатӣ мунтазам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мебошад.  (18 сентябри соли 2015)

63. Имрӯзҳо тамоми мардуми сайёра аз ҷаҳолати асримиёнагӣ ва кирдорҳои ваҳшиёнаи баъзе ташкилоту гурӯҳҳое, ки бо истифода аз номи ислом содир мекунанд, ба даҳшат омадаанд. (1 сентябри соли 2015)

Таҳияи Х. ШАРИПОВ,

Р. ҲАБИБОВ,