63 лаҳзаи хотирмон аз ҳаёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№132(3433) 05.10.2015

1.  19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

2. 6 августи соли 1994 Шӯрои намояндагони халқи вилояти Хатлон, Шӯрои намояндагони халқи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ва Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аввалин шуда номзадии  Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоб ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

3. 22 августи соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон чун номзад ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ба қайд гирифта шуд.

4. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

5. 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, ба фаъолияти президентӣ шурӯъ кард.

6. 17 майи соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда,  бо роҳбари  мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ мулоқот намуд.

* * * * *

7. 23 декабри соли 1996 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари иттиҳоди мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрда, якчанд ҳуҷҷатҳоро имзо карданд, ки  раванди   сулҳу оштиро тезонид.

8. 6 декабри соли 1996, баъд аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари иттиҳоди мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ,  ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оташбас эълон гардид.

9. 27 июни соли 1997  дар шаҳри Москва Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ зери Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.

10. 18 апрели соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани чоруми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раиси ин ҳизб интихоб шуд.

 11. 30 январи соли 1999 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаи Хум мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

 12. 28 апрели соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 1100 — солагии  таъсисёбии Давлати Сомониён суханронӣ кард.

13. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №923 Эмомалӣ  Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

 14. 7 сентябри соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуд.

15. 8 ноябри соли 2000 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи Корпуси байналмилалии сулҳ супурда шуд.

16.  30 октябри соли 2000 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пули нави миллии Тоҷикистон — сомонӣ ба муомилот баромад.

 17. 8-9 апрели соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои ҷомеаи иқтисодии Аврупо — Осиё, дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуд.

 18. Аз 30-юми  август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ва ҷамъбасти Форум суханронӣ кард.

 19. 23 декабри соли 2003 бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон  Ассамблеяи Генералии СММ солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» эълон намуд.

 20. 10 октябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 33-юми  Ассамблеяи  Генералии  СММ суханронӣ намуд.

21.  7 декабри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷаласаи Созмони конференсияи исломӣ (шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ) суханронӣ намуд.

 22. 20 феврали соли 2006 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди НБО-и «Сангтӯда-2» оғоз ёфт.

23.  23 марти соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар  ифтитоҳи нақби Истиқлол (собиқ Анзоб) иштирок намуд.

24.  20 октябри соли 2006  бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нақби «Шар-Шар» оғоз ёфт.

 25. 15 декабри соли 2006 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО -и «Сангтӯда-1» оғоз ёфт.

26. 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 80 фоизи интихобкунандагон ба муддати ҳафт сол аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

 27. 26 августи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи пули азим дар мавзеи Панҷи Поён иштирок ва суханронӣ намуд.

 28. 4 сентябри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди  бинои Китобхонаи миллӣ санги асос гузошт.

 29. 6-8 сентябри соли 2007 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 30. 5-6 октябри соли 2007 таҳти васояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши сарони давлатҳои се созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

31.  20 январи соли 2008 чархаи якум, якуми июл чархаи дуюм ва панҷуми ноябри ҳамон сол чархаи сеюми  НБО-и «Сангтӯда-1»  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуд.

* * * * *

32.  28 августи соли 2008 ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

33. 7 феврали соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  таҳти 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»  содир гардид.

34. 16 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об дар шаҳри Истанбул иштирок ва суханронӣ кард.

35. 19 марти соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа оғоз бахшид.

* * * * *

36. 5 майи соли 2009 Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ медали тиллоии ЮНЕСКО-ро тақдим намуд.

37. 31 июли соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо Президенти Федератсияи Россия Димитрий Медведов НБО –и «Сангтӯда-1»-ро ба истифода дод.

38. 30 августи соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон нақби «Шар-Шар» (ҳозира «Озодӣ»)-ро ба истифода дод ва ба корҳои азнавсозии роҳи Душанбе-Ваҳдат — Данғара оғоз бахшид.

39. 15 сентябри соли 2009  Дабири кули Иттиҳодияи байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Марми  Эмомалӣ Раҳмонро  бо Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ сарфароз гардонид.

40. 3 декабри соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон хатти интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол»-ро ба истифода дод.

41. 17 марти соли 2009  хатти 220-киловолтаи интиқоли неруи барқи «Лолазор — Хатлон» шаш моҳ пеш аз муҳлати нақшавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 42. Моҳи октябри соли 2009  хатти 500-киловолтаи интиқоли неруи барқи «Ҷануб — Шимол» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

43.  Моҳи январи соли 2010 кашидани хатти 220-киловолтаи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз ёфта, моҳи декабри ҳамон сол қисмати тоҷикистонии он ба поён расид.

 44. 8-9 июни соли 2010  Конфронси 5-уми байналмилалии СММ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об -барои ҳаёт» (солҳои 2005 -2015) бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ доир шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

45.  5 сентябри соли 2011 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чархаи якум,  соли 2013 чархаи дуюми «Сангтӯда-2» ба кор даромаданд.

 46. 19 майи соли 2011 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магерам Алиев ба Эмомалӣ Раҳмон Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора»-ро тақдим намуд.

47.  17 августи соли 2011 Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо-Пешвои асри ХХI сарфароз гардонид.

48. 30 августи соли 2011 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метра, ки баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, партавфишон гардид.

* * * * *

49.  16 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

50.  2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон 159-умин узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

51.  20 марти соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

52.  20 августи соли 2013 Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали «60-солагии ЮНЕСКО»-ро тақдим кард.

 53. 1 октябри соли 2013 нақби мошингарди «Чормағзак» (ҳозира «Хатлон»), бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

54.  6 ноябри соли 2013  дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шуд.

* * * * *

55.  19 марти соли 2014 маросими дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

56. 3 сентябри соли 2014 маросими ифтитоҳи терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.

57. 12 сентябри соли 2014 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши навбатии  сатҳи олии СҲШ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

58.  24 сентябри соли 2014 дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусу иқдомҳои  арзишманд ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об ба ҷоизаи махсуси «Ҷануб-Ҷануб» қадрдонӣ гардид.

59.  4 октябри соли 2014 ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

 60. 10 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Минск иштирок ва суханронӣ намуд.

 61. 18-19 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳо бахшида ба 90-солагии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ кард.

 62. 17 марти соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Ичлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.

63. 17 апрели соли 2015 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

Таҳияи  Д. Мерганов, Б. КАРИМЗОДА,  Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»