Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин

№74 (4494) 16.06.2022

52147962133_c405f5b23c_o15 июни соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.

 Он рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон Туреханов Валихан, Қирғизистон Абдилдаев Эрлан, Маҷористон Рона Отта Иван, Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд Чатчаван Сакорсин, Марокаш Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия Олинсо Виейра ва Доминикан Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон эътимоднома супурданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистоқлолӣ сиёсати усулии барпо намудан ва пешбурди робитаҳои ҳасанаи гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои хориҷии минтақаҳои гуногуни олам амалӣ менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Маҷористон, Испания, Индонезия, Таиланд, Марокаш, Бразилия ва Доминикан андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳо бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва масъалаҳои муҳими ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим изҳор доштанд, ки кишварҳо дар хусуси аксар масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба кӯшишҳои муштарак анҷом хоҳанд дод.

Сарвари давлат аз ҷонибдории доимии кишварҳои хориҷӣ аз иқдомҳои ҷаҳонии мамлакат дар масъалаҳои доғи рӯз изҳори қаноатмандӣ карда, ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, бахусус мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, талошҳои пайваста меварзад.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

www.president.tj