Ҷалби сармоя аз Кувайт барои татбиқи лоиҳаҳо муҳим аст

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

18043682664_aa028c0a5a_o
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 июни соли ҷорӣ вазири об ва неруи Кувайт Аҳмад ал — Ҷассорро, ки дар раъси ҳайати расмии ин давлати соҳибнуфузи араб ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла натиҷаҳои ду сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Кувайт ва сафари вазири корҳои хориҷии Кувайт ба Тоҷикистон зоҳир гардид.

Ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ аз Кувайт барои татбиқи лоиҳаҳои пурсуди Тоҷикистон, аз ҷумла барои азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва интиқоли оби тозаи ошомиданӣ аз кишвари мо ба давлатҳои халиҷии араб, аз роҳҳои муҳими густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.

Аҳмад ал – Ҷассор паёми хаттии Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Кувайт омода аст сармоягузорони худро барои рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ташвиқ намояд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

www.president.tj