Ҳамкориҳо омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошанд

№84-85 (3230-3231) 01.08.2014

ИМА

31 июли соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.

- Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад, — изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки «ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ самарабахш аст».

Ллойд Остин III ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба тарғиби ҳаёти осоишта дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, хусусан пас аз хурӯҷи неруҳои байналмилалии               посдори сулҳ аз ин кишвар ва идомаи дастгирӣ аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо ҳамсояи ҷанубии он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Доир ба иштирок ва мусоидати Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодию коммуникатсионӣ, ки ба густариши робитаҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва тавсеаи имконоти иқтисодӣ ва транзитии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.

Ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб изҳори андеша карда шуд.

www.president.tj