Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 16 июли соли 2021
Муҳтарам генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» !
Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон ҳамаи шуморо ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, ба шумо – фарзандони далеру ғаюри мардуми Тоҷикистон хотирнишон менамоям, ки соҳиби марзи муайян будан дар баробари унсурҳое, чун забони давлатӣ, таърихи пурифтихори бостонӣ ва арзишҳои неки фарҳангӣ, аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлати миллӣ ва давлатдории навини мо, суботи сиёсии ҷомеа ва зиндагии осудаи мардум мебошад. Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.
Мо қувваҳои сарҳадиро солҳои 90-уми асри гузашта, яъне замоне таъсис додем, ки кишвари азизамон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва дар он аӣёми бисёр ноорому бесубот душманони миллат ва гурӯҳҳои ҷинояткор тавассути марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қаламрави кишвари мо аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, вазъи мамлакатро рӯз ба рӯз вазнину мураккаб мегардониданд.
Вазъият чунон даҳшатнок гардида буд, ки давлати тоҷикон дар остонаи аз байн рафтан қарор дошт ва ба миллат хатари пароканда шудан таҳдид мекард. Чунин шароити бисёр ҳалокатбору фоҷиаовар мо – роҳбарияти навинтихобшудаи давлатро водор намуд, ки дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ аввалин сохтори ҳифзи сарҳад – Бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил намоем ва баъдан онро ба Раёсати ҳифзи сарҳад табдил дода, бо гузашти якуним соли дигар, яъне 28-уми майи соли 1994 дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис диҳем, ки ҳоло ин санаи таърихӣ ҳар сол ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон таҷлил мегардад. Яъне, Қӯшунҳои сарҳадӣ низ монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи бисёр ҳассос ва аз ҳар лиҳоз мушкили таърихи кишварамон бе ягон заминаи моддиву техникӣ таъсис дода шуданд.
Ба ибораи дигар, таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори муҷаҳҳазу муосир ва неруи боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Минбаъд, яъне дар даврае, ки ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон пурра ба дӯши Қӯшунҳои сарҳадии мо вогузор гардид, афсарону сарбозони далери ин сохтори низомӣ дар пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои фаромиллӣ хизмати, воқеан, таърихиро анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад. Яъне, сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳифз карда истодаанд. Ин қисмати сарҳади давлатии мо беш аз 1400 километрро ташкил карда, асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти фароҳам овардани заминаҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.
Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ба талаботи замона мутобиқ гардонида шудаанд ва мо ин равандро бо истифода аз тамоми имкониятҳо идома дода истодаем.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ се раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, ду отряди таъиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, ҳафт комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи «Ворисони Куруши Кабир», чор маркази таълимӣ, се госпитали ҳарбӣ, панҷ қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту биноҳои ёрирасон бунёд карда шуд.
Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардиданд.
Дар ин давра, бо истифода аз имкониятҳои дохилии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ, 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида, ҳоло корҳои сохтмон дар даҳҳо иншооти дигар бомаром идома доранд.
Ҳукумати мамлакат доир ба таъминоти Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ низ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Мо ба тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад, эътибори доимӣ медиҳем. Зеро иқтидори мудофиавӣ ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳо, дар навбати аввал, аз сатҳи касбият, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи кадрҳои низомӣ вобаста мебошад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 2800 нафар ҷавонони мо, аз ҷумла, 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ содиқона хизмат карда истодаанд.
Имрӯз дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 300 нафар ҷавонони дигари мо таҳсил доранд.
Дар давоми чанд соли охир дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Махсус ёдовар бояд шуд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат, инчунин, ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва Давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ва заҳмати ватандӯстонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд. То имрӯз 105 нафари онҳо барои ҷасорату далерӣ ҳангоми ҳимояи сарҳадот бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин, зиёда аз 1600 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардида, роҳбарияти давлат, бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ, минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Муҳтарам афсарону сарбозон!
Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.
Ҳар яки шумо, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони кишвар қарор доред, бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намоед, доимо ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.
Бовар дорам, ки ҳар пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас мебошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург меҳисобад.
Бори дигар ҳамаи шумо — марзбонони далеру шуҷои кишвар, муҳофизони марзу бум ва хоки муқаддаси Ватани азизамонро ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ҷодаи хизмати бошарафатон — ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва амнияти сокинони мамлакат иродаи матин ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру ҷасури Ватан!