Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка

№153 (3633) 17.12.2016

16 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии ­Шри — Ланка бо натиҷаҳои бобарор анҷом пазируфт.

Дар доираи ин сафари давлатӣ Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Коломбо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Шри-Ланка самимона гусел карданд.

www.president.tj