Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2021, № 64, ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод намудани Убайдуллозода Ғ. Х.

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон бо сабаби ба кори дигар гузаш­тан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН