Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмонзода А.А.

№ 06.01.2023

аз 5 январи соли 2023, № 4, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН