Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Идрисзода И. М.

№48 (4154) 16.04.2020

аз 15 апрели соли 2020, № 225, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Идрисзода Илёс Мумин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН