Чанде пеш китоби нави нависандаи маъруфи тоҷик Шералӣ Мӯсо таҳти унвони «Ҷасорат» (Душанбе, «ЭР-граф», 2016) аз чоп баромад. Муаллиф нигоҳ ва мушоҳидаҳои хешро оид ба ҷоннисориҳо, сиёсати созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шакли қисса, ҳикоя ва очеркҳо ба қалам додааст.
Тавре ки муҳаррири китоб, доктори илми филология Шамсиддин Солеҳов дар сарсухани китоб навиштааст: «Воқеан, ба таври бадеӣ баррасӣ намудани ҳодисаҳои хурду бузурги таърихӣ ё корномаи шахсияти бузурге ба мисли Сарвари давлат кори хеле душвор ва пурмасъулият мебошад. Азбаски Шералӣ Мӯсо дар таълифи насри ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ таҷрибаи бой дорад, аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъулият, тасвири бадеии симои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсиятҳои дигаре, ки дар маҷрои воқеаҳо иштирок менамоянд, ба хубӣ баромадааст».
Китоб аз қиссаву очерк ва ҳикояҳои «Ҷасорат», «Президенти мо», «Қалби бузурги Президент», «Бақои миллат», «Забони модариро пос доред», «Парчами Ватан ҳамеша парафшон бод», «Паём раҳнамои мост», «Бӯйи Роғун ояд», «Роҳи биҳишт», «Эъҷози дӯстӣ» ва амсоли инҳо иборат буда, ба хонанда аз хизматҳои шоёну беандоза бузурги Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар, бунёди иншооти муҳими стратегӣ ва рушди фарҳанги миллати тоҷик маълумоти дақиқ медиҳад.
Нависанда ҳангоми эҷоди китоб ба воқеаҳои фаромӯшнашаванда ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таърихӣ такя карда, лаҳзаҳои ҷудогонаро дар ҳикояҳо ва қиссаҳояш воқеъбинона рӯи қоғаз овардааст. Масалан, дар қиссаи «Ташаккур, ба Ҷаноби Олӣ!» менависад:
«…Дар шаҳраки 46-уми пойтахт сохтмони шифохонаи сатҳи ҷаҳонӣ дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст идома дорад. Ин тарҳи бузург аз 23 бинои асосӣ ва 40 иншооти ёрирасон иборат буда, масоҳати умумиаш 152195 метри мураббаъ мебошад ва ба ҳар як кат 52 метри мураббаъ рост меояд, ки беназир аст».
Имрӯз ин шифохона дар хизмати мардум қарор дорад.
Ҳамчунин, муаллиф ҷо — ҷо дар қиссаву очеркҳояш порчаҳои ҷудогонаи шеъриро ҷой додааст, ки ин тарзи навишт имрӯз хеле маъмул ва мақбул аст. Хуллас, нависанда симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавассути кору афкораш барои хонандаи нозукбин кушода тавонистааст.
Мо ба «Ҷасорат»-и нависанда Шералӣ Мӯсо қоилем.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»