Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

№95 (3889) 07.08.2018

Чоруми августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд қонунро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ,  гумрук, андоз, мурофиаи иқтисодӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» асос­ҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолиятро вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян менамояд. Дар он мафҳуми маълумоти шахсӣ,  маълумоти шахсии биометрӣ ва дигар мафҳумҳои додашуда,  кафолати ҳифзи маълумоти шахсӣ, тартиби ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, маҳдудиятҳои истифодаи маълумоти шахсӣ, ҳуқуқу уҳдадории доранда, оператор ва шахсони сеюм, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба танзим дароварда шудаанд.

Бо мақсади тақвияти мубориза ба муқобили коррупсия ва ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷумҳурӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки мутобиқи онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои гирифтани пора ва додани пора дар ҳолатҳои вазнинкунанда татбиқи ҷазои  ҷарима манъ карда, минбаъд танҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда мешавад. Инчунин, барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида тартиби пешниҳоди мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, пур кардани бюллетени раъйпурсӣ ва эълони натиҷаи раъйпурсиро муайян менамояд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»  ба такмили низоми бонкии мамлакат, таҳкими назорати низоми пардохтӣ, таҳия ва татбиқи чораҳои фаврии ислоҳиву таъсиррасонӣ ва батанзимдарорӣ, таъсиси маъмурияти муваққатӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои он, тартиби тақсими дороии ташкилоти қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳӣ қарор доранд  ва ғайраҳо ҷиҳати беҳтар намудани  вазъи ташкилоти қарзӣ ва ғайриқарзии молиявӣ дар шароити буҳрони молиявӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати пуливу қарзӣ равона гардидаанд.

Қонунҳои зикршуда ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили идоракунии давлатӣ, рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум нигаронида шудаанд.

Матни онҳо рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.

www.president.tj