14 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии кишваратон – солгарди ба даст овардани Бастилия сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти Франсия табрикоти самимонаи худро бифиристам.
Мо Ҷумҳурии Франсияро шарики дерина ва муътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми Франсия сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфойӣ таманно дорам».