Барқияҳои табрикӣ

№12(3649) 04.02.2017

Дуюми феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония  сидқан табрику таҳният мегӯям. Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрӣ бо кишвари Шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем. Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талошҳои муштарак мо рушди пайвас­таи ҳамкориҳои судманди кишварҳоямонро ба нафъи мардумонамон таъмин хоҳем кард. Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, саломатии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва барои мардуми дӯсти Япония саодату амонӣ ва шукуфоии бештар орзумандам»

Дуюми феврали соли 2017, ҳамчунин, Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Аз рӯзи Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои мо муносиботи ниҳоят хуб рушд мекунанд.

Моҳи октябри соли  2015 ба ҳайси Сарвазири Япония бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам ва бо Шумо мулоқоти судманд анҷом додам, ки дар натиҷа мо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ақидаи ҳамсон пайдо намудем. Бо хушнудӣ зикр менамоям, ки сафари мазкур ба рушди муносибатҳои миёни кишварҳоямон такон бахшид ва минбаъд оид ба татбиқи мувофиқаҳо дар соҳаҳои густурда тадбирҳо андешида мешаванд.

Кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолии он пайваста дастгирӣ менамуд. Мо ният дорем, ки дар оянда низ рушди сохтори давлатию ҷамъиятӣ ва ташаккули иқтисоди бозории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди инфрасохтор, минтақаҳо ва омодасозии кадрҳоро, дастгирӣ намоем. Бо истифода аз фурсат, дар робита ба 25-умин солгарди рӯзи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ман самимона рушд ва таҳкими робита миёни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Японияро таманно дорам. Ба идомаи ҳамкории фаъол бо Шумо, аз ҷумла дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»  умедворам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтӣ таманно менамоям».

www.president.tj