27 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои ҷиддӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон бар асари боришоти шадид ва фаромадани ярч боиси андуҳ ва изтироби амиқи мо гардид.
Бо изҳори ҳамдардии самимии ин ҷониб ба пайвандон ва наздикони қурбониёни офатҳои табиӣ, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова — хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ номаҳои изҳори тасаллӣ ворид гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар номаи тасаллии худ гуфтааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Хабари даргузашти хоҳари Шумо — Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андуҳи амиқ дарёфтам.
Дар иртибот ба ин талафоти гарон ҳамшарики мусибати Шумо шуда, ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон ҳамдардии самимии худро изҳор менамоям.
Худованд рӯҳашонро шод гардонад».
Дар паёми тасаллии Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд омадааст:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Мо хабари даргузашти хоҳаратон хонум Қурбонбӣ Раҳмоноваро (Худованд раҳмат кунад) бо камоли андуҳ дарёфт кардем.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардуми бародари Тоҷикистон ва оилаи марҳум, таъзияи амиқ ва самимии худро изҳор менамоем ва аз Худованди таъоло масъалат дорем, ки марҳумро раҳмат ва мағфират намуда, ҷояшонро биҳишт гардонад ва Шуморо аз ҳар гуна бадӣ дар паноҳаш нигоҳ дорад».
Дар барқияи тасаллии Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохон гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Ман ба Шумо ҳамдардии самимии хешро нисбати даргузашти хушдоман ва хоҳари маҳбубатон иброз медорам. Бигзор рӯҳи рафтагон дар осоиштагии абадӣ бошад ва Худованди Карим ба Шумо ва аҳли оилаатон сабри ҷамил ва ирода барои тоб овардани ин талафоти ҷуброннопазир ато намояд.
Дар ин рӯзҳои хеле ғамангез дуогӯ ва ғамшарики Шумо мебошам».
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар номаи тасаллиаш чунин нигоштааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Хабари ҳузнангези марги бармаҳали хоҳари хурдиатон Қурбонбӣ Раҳмоноваро бо андуҳи амиқ дарёфтам.
Ба Шумо изҳори тасаллии самимӣ намуда, ба талафоти ҷуброннопазиратон ҳамдард ҳастам. Ба Шумо сабри ҷамил ва таҳаммул хоҳонам».
***
Ҳамчунин, ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияҳои изҳори тасаллии самимӣ аз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин ва Валиаҳд, муовини Раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ворид гардиданд.
www.president.tj