Барқияи табрикӣ

№173 (3474) 18.12.2015

16-уми декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич!

Сарфарозам, ки Шумо ва тамоми мардуми кишварро бо 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик менамоям.

Ба сатҳи муваффақонаи шарикии Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, мехоҳам азмамонро дар мавриди равона кардани тамоми кӯшишҳои зарурӣ барои тавсеаи ҳамаҷониба ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду давлат, ки ба баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳавасмандии ҷонибҳо асос ёфтааст, изҳор намоям.

Муътақидам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем он тавофуқотеро, ки зимни сафари расмии каме қаблии Шумо ба Тоҷикистон ба даст омаданд, дар амал татбиқ намоем ва бо роҳи ҳамкории дуҷониба ба пеш ҳаракат кунем.

Муҳтарам Нурсултон Абишевич, таманниёти самимонаи маро дар мавриди тансиҳатии комил, рафоҳат ва комёбиҳои минбаъда ба Шумо ва ба мардуми бародари Қазоқистон — сулҳу шукуфоӣ қабул фармоед».

www.president.tj