31 октябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Ҷаноби Олӣ!
Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия бипазиред.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Бразилия сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам.
Тоҷикистон алоқаманди таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо кишвари Шумо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштарак баҳри пешбурди самарабахши онҳо изҳор менамоям.
Итминон дорам, ки робитаҳои созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ идома ёфта, рушд хоҳанд намуд.