30 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар, ки бар асари он даҳҳо шаҳрванд ҷони худро аз даст доданд, боиси андуҳи мо гардид.
Ба мардуми дӯсти Бразилия изҳори тасаллият намуда, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон бирасонед.
Ба осебдидагон шифои ҳар чӣ зудтару комил мехоҳам».