Барқияи тасаллият

№№6(3643) 21.01.2017

20 январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари фурӯ рехтани бинои маркази тиҷоратӣ дар пойтахти Эрон дар натиҷаи сӯхтор боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии  ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Эрон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил  ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj