Бисту сеюми феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон ташриф овард. Сарвари давлат бо ҳолати боғу токзори намунавӣ шинос шуда, дар маъракаи ҳашари умумӣ барои бунёди Боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар майдони 160 гектар иштирок кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия ва фаъолони вилояти Хатлон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсули дастранҷи аҳли заҳмат шинос шуд.
Дар намоишгоҳ аз ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ ва маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз қабили зироатҳои ғалладона, меваҳои шаҳдбор ва беҳтарин навъҳои сабзавотро ба маъраз гузоштанд. Дар як гӯша кадбонуҳои ҳунарманд таомҳои гуногуни хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои арзандаи меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуд.
Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо метавонем ба татбиқи яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Тавре ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, меҳнаткашони вилояти Хатлон соли 2015 беш аз ду миллион тонна сабзавот, полезиҳо, картошка ва меваю ангур истеҳсол карданд. Дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар нақша аст, ки соли ҷорӣ дар вилоят 1147 гектар боғу токзори нав бунёд шавад. Дар панҷ соли оянда бошад, бунёди 5720 гектар боғу токзор ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз тамошо ва шиносоӣ бо боғи намунавии интенсивии ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ки дар майдони 160 гектар бунёд шудааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ниҳоли себ шинонданд.
Барои саҳм гузоштан дар ин маъракаи муҳим, ки ташаббускори асосиаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, сокинони ноҳияи Хуросон ва аъзои хоҷагии фермерии «Асадулло» ҷамъ омаданд.
Дар хоҷагии фермерии «Асадулло» давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли дарахти себ, аз ҷумла новелла, даря, эрлимак, редфрӣ, дейтон, прима, флорина, либертӣ, голдраш, чемпион, пинова, фуджӣ, грани смит ва ғайра шинонида шудааст. Дар маҷмӯъ, боғу токзори хоҷагӣ 2017 гектарро ташкил медиҳад ва 1000 коргар фаъолият доранд. Акнун бо бунёди боғи нав беш аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмуъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ 114,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар панҷ соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз 500 гектар боғ бунёд намоянд.
Бо ҳидояту маслиҳатҳои муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хоҷагӣ беш аз даҳ намуди ангур ва дар ҳазорҳо гектар навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ, лимӯ ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудааст.
Мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон солҳои пеш бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавии худ хеле машҳуру овозадор буд ва тайи солҳои охир бо супоришу раҳнамоии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, боғу токзори нави намунавӣ бунёд меёбанд.
Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ кардани он ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд, ин бунёди ҳазорҳо гектар боғи нав ва таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад.
Танҳо дар заминҳои хоҷагии фермерии «Асадулло» солҳои охир бо афзоиши майдони боғу токзор зиёда аз ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва имкон аст, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғу токпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд.
Тавре маълум шуд, боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои ин 2 млн. 200 ҳазор метр лӯлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст.
Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии фермерии мазкур парвариши чорво ба роҳ монда шудааст ва кишти зироатҳои гуногуни гандум, ҷав, наску нахӯд, зағир, кунҷит, мушунг, картошка, каду ва полезиҳо барои рушди ин соҳа имкони хубро фароҳам овардааст.
Дар ҳашари умумии онрӯза, ки бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳазорҳо адад навъи гуногуни ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд.
Ҳамзамон, ҳангоми ниҳолшинонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва аҳамияти он маслиҳатҳои муфид дод. Бунёди боғҳои нави меваҳои содиротӣ барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум манфиатбахш маънидод гардид. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки таҷрибаи боғпарварони хоҷагии фермерии «Асадулло» дар ҷумҳурӣ намунаи ибрат буда, он ба як мактаби хуби таҷрибавии олимону мутахассисони соҳа ва ҳунаромӯзии донишҷӯёну мактаббачагон табдил ёфтааст.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар аз ҳар як рӯзи мусоид пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти куҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.
www.pesident.tj