Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ

№126 (3606) 06.10.2016

29797750380_52730fbd85_oСеюми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Муъминобод ба ноҳияи Восеъ сафар намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро роҳбарият ва сокинони ноҳия дар деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шодиву нишоти беандоза ва эҳтироми хос истиқбол гирифтанд.

Дар деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалингро мавриди истифода қарор доданд.

Масофаи роҳи мошингарди «Восеъ — Ховалинг» 88 километрро ташкил дода, бо харҷи 600 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии навбати дуюми роҳи мазкур моҳҳои наздик шурӯъ ва бо асфалтпӯш кардан, чароғонкунӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагард ва дигар иншооти ёрирасон ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад.

Сокинони ноҳияи Восеъ барои ин ғамхорӣ ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, бунёди навбати аввали роҳи мошингарди «Восеъ — Ховалинг» — ро аз ҳадафҳои бобарору созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани шаҳру ноҳияҳои мамлакат арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба бунёди роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг баҳои баланд доданд ва барои анҷоми корҳои навбати дуюми роҳи мазкур масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ ва расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби хоҷагидорон ва ҳунармандону кадбонуҳо дар намоишгоҳ гузошта шуда буданд, шинос шуданд.

Бо тарзи омода кардани нонҳои пухтаи хушлаззати кадбонуҳо, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки анъанаву суннатҳои неку қадимаи миллати тоҷикро муаррифӣ мекарданд, Президенти мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд ва ба маҳсули эҷоди ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Дар намоишгоҳ меваҳои шаҳдбор, аз қабили себу нок, анор, ангур ва ғайра, ки дар ноҳияи Восеъ истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод гардид, ки дарак аз файзу баракат ва фаровонии дастурхони аҳли заҳмат медод.

Аз зироатҳои лӯбиёгӣ, ба монанди наск, нахӯд, мош, зағир ва дигар номгӯйи ғалладонагиҳо, ки имсол бо меҳнати шабонарӯзии аҳли заҳмат истеҳсол шудаанд, дар намоишгоҳ фаровон ба назар мерасид.

Маҳсули меҳнати занбӯриасалпарварон низ дар намоишгоҳ ҷойгоҳи хос дошт. Имсол онҳо 35,6 тонна асал истеҳсол кардаанд. Дар ноҳияи Восеъ шумораи оилаҳои занбӯри асал сол то сол зиёд шуда истодааст ва дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба деҳқонон барои истифодаи босамари замин ва интихоби тухмиҳои серҳосил дастуру маслиҳат дода, таъкид карданд, ки ҷиҳати дар оянда таъмин намудани рушди кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ аз шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

Дар намоишгоҳ, инчунин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ — картошка, пиёз, сабзавоти тару тоза, аз ҷумла помидору бодиринг, лаблабу, шалғам, тарбузу харбуза, каду ва ғайраро ба маъраз гузошта буданд.

Дар ҳамин ҷо хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуда, ба кӯдакон туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Анъанаҳои мардумӣ дар «Бозори ҳунар» бо пешниҳоди чакандӯзиву қуроқдӯзӣ, намадбофӣ, тӯйи домодиву арусӣ ва дигар маросимҳое, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва дорои таърихи бою пурғановат дар гузашта доир мекарданд, намоишгоҳро бошукӯҳу диданӣ гардонид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди занону бонувон, санъаткорон, атласу адрасбофон ва дигар анъанаву суннатҳои қадимаи миллӣ шинос шуданд ва барои эҳёи онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Оилаи ҳунармандони ноҳия Мирзо Ҳоҷиматовҳо бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилангез намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро шукӯҳи дигар бахшиданд.

Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани варзишгоҳ ва майдони корти теннис иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити майдони корти теннис, ки бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд гардидааст, шинос шуда, арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. Он бо харҷи 320 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Дар расми ба истифода додани варзишгоҳ, ки барои 5 ҳазору 260 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки он ҳам аз тарафи соҳибкор Авазхон Кабиров бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали ба истифода додани варзишгоҳ даври ниҳоии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол -«Тӯби чармин» миёни дастаҳои ноҳияҳои Восеъ ва Фархор доир гардид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нахустин тамошобини ин чорабинии варзишӣ буданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.

Беморхона дорои шароити муосири ташхису табобат буда, бо фарогирии 50 кат барои беморон аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, бо сармоягузории Фонди хайрияи Араб бо пешрафтатарин таҷҳизоти ташхису табобат, аз қабили ултрасадо, дастгоҳҳои муосири физиотерапия, сабти барқии дил ва ғайра таъмин гардидааст, ки аз нигоҳи имконият ва шароити тиббӣ дар ноҳия назир надорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба табибони беморхона дастур дод, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама, баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Беморхона дорои чор шуъба — таваллуд, ҷарроҳӣ, калонсолон ва кӯдакона мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Давлату Ҳукумат ҳамаҷониба барои солимии ҷомеа талош меварзад ва дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ташхису табобат чунин беморхонаҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои нодир бунёд карда мешаванд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона 150 нафар, аз ҷумла 14 нафар табиби дараҷаи олӣ, 50 нафар корманди миёнаи тиб ва 30 нафар корманди хурди соҳа бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Дорухонаи табиат, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо дар он маводи доруворӣ тайёр карда мешавад, дар беморхона ҷойгоҳи махсус дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ин пеш дар ин ҷо хизматрасонии тиббӣ дар як бинои вайрону валангор сурат мегирифт, ки он ҳам соли 1998 дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Ёхсу ва омадани сел зарар дида буд ва сокинон барои ташхису табобат ба маркази ноҳияи Восеъ, шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе мерафтанд.

Ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ низ ба ҳавлии беморхона таровати хоса бахшидаанд.

Зимни ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи тандурустӣ бо маблағгузории давлати Ҷопон ва Фонди хайрияи Араб, ки арзиши лоиҳавии он 826 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта шудааст.

Ба гуфти роҳбари Фонди хайрияи Араб дар Тоҷикистон таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо, дастгоҳҳои дандонпизишкӣ ва сабти барқии дил имкон медиҳанд, ки кори табибон дар самти муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад.

Ҷараёни қабул ва барои ташхису маслиҳат ба табибон роҳхат додан дар маркази саломатӣ ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, ки ин ҳам дар ноҳия як навоварӣ аст.

Маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, утоқҳои муоина ва муолиҷаи гулӯ, гӯшу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, бемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад.

Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии Рушд, ки дар маҷмӯъ беш аз 2 миллиону 973 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта ва муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Он аз ду ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва 2 гектарро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмониро дар он коргарону мутахассисони ҶДММ «Ниагара-А» бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Дар ду ошёнаи мактаб 13 синфхонаи барҳавои фаннӣ, аз ҷумлаи химия, физика, математика, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд аст.

Синфхонаҳо бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидаанд. Барои таъмини мактаб бо гармӣ як буғхона, ки бо истифода аз ангишт фаъолият хоҳад кард, сохта шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия бо таълимгирандагон суҳбати самимӣ доир карда, ифтитоҳи онро дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо муборакбод гуфтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуданд.

Хонандагон барои фароҳам овардани шароити замонавии таҳсил ба Сардори давлат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Таъкид гардид, ки оянда дар ин ҷо се бинои дигар, иборат аз толори варзишӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва 8 синфхона сохта мешавад, ки он рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди онҳо расман оғоз бахшиданд.

Сеюми октябри соли 2016 дар деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоти самимию созанда доир намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Восеъ барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, дар ҷодаи боз ҳам ободу зебо намудани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барори кор орзу карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли сокинони ноҳияи Восеъро ба ифтихори 25 — умин солгарди соҳибистиқлолии кишварамон сидқан табрик гуфтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки дар зарфи бисту панҷ соли соҳибихтиёрӣ мардуми заҳматпешаи ноҳияи Восеъ бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоид, аз ҷумла захираҳои бойи обу сарватҳои табиӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд ва бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ ва ободии гулгашту хиёбонҳо симои ноҳияро дигаргун намуданд ва ҳоло ноҳия ба як мавзеи хеле ободу зебо табдил ёфтааст.

Баъди анҷоми суханронии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия баромад карда, ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат барои талошҳои шабонарӯзӣ баҳри ободии диёр ва осудагии мардуми кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки бо шарофати сулҳу ваҳдати пойдор ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи бахшҳо рушд карда, шароити мусоиди кору зиндагӣ ва таҳсил фароҳам омадааст.

Дар деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ дар  боғи хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» шинос шуданд.

Кишоварзони хоҷагӣ дар майдони 23 гектар парвариши намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ, полезӣ ва кишти дигар зироатҳоро дар байни дарахтон ба роҳ мондаанд.

Имсол 3 гектар боғи нав бунёд гардидааст ва майдони боғҳо ба 26 гектар расидааст. Дар ин ҷо дар майдони 13 гектар ангур, 10 гектар гелос, зардолу, нок, бодом, олу, олуи сурх, чормағз, анор, арча ва 1 гектар гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки нашъунамои хуб доранд.

Зимни тамошои боғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнаткашони хоҷагӣ барои хуб ба роҳ мондани парвариши дарахтон, ки меваи аксари он ба содирот нигаронида шудааст, баҳои баланд доданд. Аз рӯи маълумоти боғдорони хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» имсол ҳосили боғ, аз ҷумла ангур фаровон буд.

Даҳҳо тонна ангуру пиёзи ин хоҷагӣ ба Федератсияи Россия содирот гардидааст. Аз ҳосили дарахтони зардолу ва ангур бо роҳи хушк кардан хушкмеваҳо истеҳсол карда шудааст. Гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкани боғ дар кӯчаву хиёбонҳои деҳот ва қад — қади шоҳроҳи мошингард шинонида мешавад. Инчунин, аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» дар даромадгоҳи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 5 гектар майдони бекорхобидаи санглоху шӯразамин боғи арча бунёд гардидааст. Барои истифодаи самараноки боғ хоҷагидорон дар байни қаторҳо дар 3 гектар пиёз кишт карда, 80 тонна ҳосил ба даст овардаанд. Дар кишти такрорӣ ба ҷойи пиёз тарбузу харбуза шинониданд. Аз кишти 3 гектар картошка бошад, аҳли меҳнат 45 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар боғ доимӣ 40 нафар ва мавсимӣ беш аз 70 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

www. president. tj