Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№16 (3317) 05.02.2015

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Шариф Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 ш. Душанбе, 3 феврали соли 2015 №338

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳикматуллозода Неъматулло Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 феврали соли 2015 №340

ҲИКМАТУЛЛОЗОДА НЕЪМАТУЛЛО -

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳикматуллозода Неъматулло 7 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Москва ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1986-1987 аз техники шуъбаи мелиоратсия ва обтаъминкунии замини Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»-и Кумитаи давлатии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба сифати эксперти корхонаи хурди «Ориё»-и Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷиквнешторг», мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассис, сардори шуъбаи иқтисодии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2012 инҷониб ба ҳайси муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2009 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2015 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Асозода Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Асозода Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 феврали соли 2015 №339

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ганҷалзода Ш.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 феврали соли 2015 №341

 ГАНҶАЛЗОДА ШЕРАЛӢ РАҲМОН -

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон 15 январи соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1986 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии роҳҳои автомобилгард хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ҳамчун муҳандиси шуъбаи кофтуковӣ-лоиҳакашии роҳҳои автомобилгарди Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипротрансстрой» оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори гурӯҳи сметавию лоиҳакашӣ, сардори шуъбаи бехатарии ҳаракати нақлиёти Идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, ҷонишини сардори Идораи истеҳсолии роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон, ҷонишини сардори трести «Хатлонроҳ», сардори Колоннаи автомобилӣ, ҷонишини директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Хатлонроҳ», сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, раиси Кооперативи истеҳсолии «Роҳсоз»-и шаҳри Душанбе ва муовини сардори Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2009-2013 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз моҳи март то декабри соли 2013 ҳамчун муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз декабри соли 2013 то ба имрӯз муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.