Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№83 (3384) 18.06.2015

Дар бораи аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

Нуралиев Ҷамолиддин Камолович — муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Икромов Сироҷидин Саломович ва Салимова Лола Ҷумаевна — муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аъзои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 16 июни соли 2015 №502