Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№83 (3384) 18.06.2015

Дар бораи аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, Солиев Ашурбой Абдувоҳидович ва Раҳматов Ҳайдар Бобоевич аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 №227 «Дар бораи ҳайати Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 16 июни соли 2015 №503