Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№136 (3616) 03.11.2016

Дар бораи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин намудани Ҷононов Ш.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷононов Шералӣ Сайдамирович ҳамзамон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 

ш. Душанбе, 26 октябри соли 2016, №767