Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№146 (3626) 26.11.2016

 Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод озод намудани Ализода Ҳ. Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ализода Ҳусейн Хоҷамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2016, №781