Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таъин намудани Самизода С. З.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Самизода Санавбар Зайнулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2016, №792