Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Ёқубзода М. М.

№7 (4269) 19.01.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ёқубзода Мирҳаёт Миробид муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 18 январи соли 2021, № 119