Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус озод намудани полковники гвардия Одиназода А.А.

№29 (4769) 04.03.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Полковники гвардия Одиназода Аъзам Аҳтам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 феврали соли 2024, №766