Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Холматзода Сафаралӣ Қурбон аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Қодирзода Ҳасан Нурулло аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд,
Қодирзода Зафар Абдураҳим аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 майи соли 2023
№564