Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қодирзода С. С.

№147 (4253) 08.12.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 4 декабри соли 2020, № 106