Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Фаластин таъин намудани Раҷабиён М. Д.

№41 (4147) 04.04.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Фаластин таъин карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 1 апрели соли 2020, № 1514