Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил таъин намудани Имомӣ С. А.

№41 (4147) 04.04.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил таъин карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 1 апрели соли 2020, № 1513