Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка таъин намудани Ҳамрализода Ф. М.

№147 (4253) 08.12.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 4 декабри соли 2020, № 107