Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия таъин намудани Қодирӣ Ардашер

№41 (4147) 04.04.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Қодирӣ Ардашер ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия таъин карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 1 апрели соли 2020, № 1512