Гузоштани санги асоси Маркази перинатологӣ ва Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

20837116179_aa10af8d99_oДар доираи сафар ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб ва Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ санги асос гузошт.

Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ тибқи лоиҳаи иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати сохтмони он 5658 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар иншоот барои табобати бемориҳои равонӣ 80 кат ва барои табобати бемориҳои наркологӣ 40 кат ба нақша гирифта шудааст. Дар тарҳи ошёнаи таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда мешаванд.

Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа», маблағи сохтмони иншоот 12 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ равона гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 700 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд. Баъди бунёд бошад, дар ҳар ду иншоот беш аз 500 нафар мутахассисони ҷавони соҳа бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Маркази перинатологии минтақавии Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Кӯлоб бошад, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак сохта мешавад.

Марказ аз таваллудхона, шуъбаҳои бемориҳои навзодон ва кӯдакона, наҷот, бемориҳои занона, ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи табобати оҷилӣ ва бахшҳои ҷарроҳӣ равона гардидааст.

Иншооти сохташаванда аз се ошёна иборат буда, масоҳати ҳудуди он ҳафт ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

www.president.tj