Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии азнавсозишуда

№139 - 140 (3619-3620) 12.11.2016

30254784443_04c38d9954_o10 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода доданд.

Корҳои сохтмонии ин бинои истиқоматӣ моҳи июни соли 2013 оғоз гардид.

Барои бунёди он, ки дар маҷмӯъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, аз хонаҳои 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат аст.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сох­тмону васлкунии №2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба чанд оилаи хуштолеи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа ҳалокгардида калиди хонаро тақдим карданд.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматӣ санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯй ба талабот бунёд кардани бинои нави истиқоматӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо доданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафар аз роҳбари мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ — Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, Қунғуротзода Фотеҳ ва Мирализода Рустам Азиз барои хизмати содиқона аз ҷониби Сарвари  давлат бо рутбаи генерал — майори милитсия сарфароз гардиданд.

Зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи Давлату миллат ва таъмини амният ҳидоят намуданд.

10 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин шинос шуданд.

Маҷмааи варзишӣ, ки баъди аз таъмири асосӣ баровардан дар он имкон фароҳам омад, ки мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд, аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гӯштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имконияти толори барҳавои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастур доданд.

Бинои Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии №2 — и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст дар давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи муосири бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ва ба як маҷмааи бузурги варзишӣ табдил додани он ба масъулини соҳаи варзиши кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj