Ифтитоҳи бинои нави Сафорати тоҷикистон дар Абу Заби

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

25866360805_a511202dd6_o17 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Дубай ташриф овард.

Дар назди қароргоҳи Сарвазири Аморот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ноиби Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, ҳокими шаҳри Дубай, вазири мудофиа волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум истиқбол гирифтанд.

Масоили дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Аморот дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.

Ҳокими шаҳри Дубай меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташрифи расмиаш ба ин сарзамин хайра мақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти олии кишвари дӯсти Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати пазироӣ ва ҳусни накуи меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд.

- Мулоқоту вохӯриҳои имрӯзаро фурсати муносибе барои баррасии ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои байни кишварҳоямон медонем ва умед дорем, ки натиҷаҳои онҳо ба муносибатҳои судманду хайрхоҳонаи байни Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб тобишу такони тоза хоҳанд бахшид, — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар ду ҷониб дар мавриди зиёд будани имконот ҷиҳати рушди бахшҳои энергетика ва об, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва истихроҷи маъдан ҳамақида буданд.

Тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои бонкдорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ташкили корхонаҳои муштараки шаклҳои гуногуни фаъолият, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ  низ зарур шумурда шуд.

Сармоягузорӣ дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт, лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор ва нақшаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз дурнамои неки ҳамкориҳо маънидод гардид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ, инчунин, вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишварҳо, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъмини амнияти минтақа, дарёфти роҳҳои ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ андешаронӣ карданд.

 

17 марти соли 2016, пас аз анҷоми мулоқоту музокирот байни ҳайатҳои воломақоми Тоҷикистону Аморот, маросими имзои санадҳо баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи кишварҳоро 12 санади муҳим танзим мекард ва имрӯз маҷмӯи нави ҳуҷҷатҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла илму маориф, варзишу саёҳат, амният ва дин ба имзо расиданд.

Санадҳои нави ҳамкорӣ бо чунин тартиб имзо шуд:

Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва  мубориза бо терроризм;

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон;

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ.

Пас аз анҷоми музокирот ва имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, ҳокими шаҳри Дубай, вазири мудофиа волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум оид ба густариши ҳамкории шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб қабул гардид.

Баъд аз анҷоми маросими имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ ва натиҷаҳои бобарори мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Дубай ба шаҳри Абу Заби баргашт.

Ҳамчунин, дар шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳузури вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва вазири энергетикаи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳейл Муҳаммад ал — Мазруӣ ду созишнома:

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сарпарастии ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи умури исломӣ ва авқофи Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расид.

 

17 марти соли 2016 дар шаҳри Абу Заби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабро ифтитоҳ намуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳти садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз парчампоя боло бардошт.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори кормандони Сафорати Тоҷикистон дар толор ва утоқҳои корӣ шинос шуд.

Тавре маълум гардид, бинои сафорат дар шаҳраки намояндагони корпусҳои дипломатии Абу Заби бунёд шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ аст. Бинои хуштарҳу бошукӯҳи Сафорати Тоҷикистон аз се ошёна ва утоқҳои барҳаво иборат мебошад. Дари даромадгоҳ ва пешайвон бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби устоҳои гулдасти тоҷик — ҷавонони ҳунарманд ороиш дода шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар паҳлуи бинои сафорат як иморати дигари дуошёна бо шароити мусоиди зист барои кормандон сохта шудааст. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки масъалаи таъмини манзили зисти намояндагони сафорат ҳам ҳал гардад.

Бунёди бинои сафорат аз моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, сохтмони он аз тарафи ширкати паймонкор ва таъмиргари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Висом ал — Авдӣ» анҷом ёфтааст. Корҳои рангубор ва ороиши биноро устоҳои тоҷик иҷро кардаанд.

Баъди ифтитоҳи бино, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни маросими ифтитоҳи сафорат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Абу Заби ва ҳамватанони мо, ки дар Аморот кору зиндагӣ мекунанд, мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

- Рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи судманд бо ин кишвари барои  мо дӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон аст, — иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сафорат ғайрати дучанд, фаъолияти ҳадафмандона ва дар кору амалашон дастовардҳо орзу намуд.

Бо ҳамин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом ёфт.

www.president.tj