13 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулчеҳра-80” оғоз гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо харҷи 920 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои ноҳияи дурдасти Ишкошим аҳаммияти муҳим дорад, зеро дар он дар баробари истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза, ҳар мавсим бештар аз 100 нафар бо кор таъмин мегарданд.
Равғани ангат ба бемориҳои зиёде даво мебошад. Аз ин рӯ, дар корхона хатти муосири технологӣ насб гардидааст, ки ашёи хомро бо сифати баланд коркард менамояд. Ашёи хом дар ин корхона меваи ангат буда, аз он 12 навъи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 500 киллограм равғани ангат аст.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ду корхона ба ҳисоби миёна дар як сол 430 литр равғани ангат истеҳсол менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти корхона барои боз ҳам беҳтар намудани сифат, зиёд кардани шумораи ҷойҳои корӣ ва бештар намудани номгуйи маҳсулоти аз равғани ангат истеҳсолшаванда ба масъулин ва соҳибкорон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.