Ифтитоҳи «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»

№151 (3631) 10.12.2016

31500143945_b6ecd4b2ac_oҲаштуми декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки хишти аввали сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» бо иқтидори 300 мегаватт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуд.

Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки 17 миллиону 443 ҳазор доллари он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад.

Сохтмони навбати якуми «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» бо иқтидори 100 мегаватт моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардид, ки соли 2014 бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» бо иқтидори умумии 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ оғоз ва дар 17 моҳ ба анҷом расонида шуд.

Барои амалӣ кардани навбати дуюми сохт­мони он моҳи июли соли 2014 байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин шартнома ба имзо расид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардани ин иншооти муҳими соҳаи энергетикаро муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки татбиқи он барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами муҳиму назаррас мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони Маҷмааи истеҳсолии «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», сохтмони зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Шаҳринав», 110 киловолтаи «Ҳисор» ва ­сох­тмони хатти интиқоли барқи 110 киловолтаи «Ҳисор-Шаҳринав» ба нақша гирифта шуда буд, ки то ин муддат иншооти мазкур пурра мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд.

Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, барои таъмини боэътимоди неруи барқ ва гармӣ дар шаҳри Душанбе равона гардидааст. Он дар оянда иқтидори саноатии шаҳри Душанбе ва иқтидори саноатию аграрии ноҳияҳои тобеи марказро баланд мебардорад.

Пас аз ифтитоҳи иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» ва мутахассисони тоҷику чинӣ, ки дар рафти бунёди он саҳм гузоштаанд, мулоқоти судманд доир карданд.