27 апрели соли 2016 дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангинро ифтитоҳ бахшид.
Он дар майдони чор гектар бунёд ва бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.
Ин мавзеъро соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидов бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси мавзеъ, оби софу равон, боду ҳавои мусоид ва имконоти дигари мутобиқ ба соҳаи сайёҳӣ бунёд кардааст.
Истроҳатгоҳ ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ бо 60 ҷойи нави корӣ бунёд шуда, аз қабулгоҳ, бинои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб, ҳавзҳои шиноварӣ, се бинои истиқоматӣ, толори маҷлис, ошхона, айвонҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё, майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, тенниси калон, тенниси рӯи миз, толори саққобозӣ, ҳаммом, мототсиклҳои гуногунҳаҷми обӣ, мошинҳои хурди барқӣ барои ҳаракат дар ҳудуди истироҳатгоҳ, ипподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар марказҳои дилхушӣ иборат аст.
Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошад.
Соҳибкор Абдурасул Муҳидов нақша дорад, ки барои пурраю мукаммал кардани имкониятҳои истироҳатӣ баҳри мизоҷон боз дар марҳилаи дуюми сохтмони фароғатгоҳ ҳавзи моҳӣ ва як тарабхона бунёд намояд.
Ҳавлӣ ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъӣ, дарахтони гуногуни нодир, гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имконоти истироҳату фароғати ин мавзеъ ба соҳибкор Абдурасул Муҳидов барои ин иқдоми созанда баҳои баланд дода, дастур дод, ки дар оянда барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони хориҷӣ аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.
www.president.tj