Ифтитоҳи роҳи нави замонавӣ

№125 (3426) 18 Сентябр, 2015 18.09.2015

21316301059_389457b7c4_o

Субҳи рӯзи 18 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии  аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳоти «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода оғоз ёфт. Дар ин ҷо сокинону фаъолон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон нахуст роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро расман ифтитоҳ намуд.

Роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати чорхаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Қисми боқимондаи роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати духаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 км.роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин пурра чароғон карда шудааст.

Бунёди ин иншооти муҳими коммуникатсионӣ моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида буд. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи коргарону мутахассисони тоҷику хитойӣ ба итмом расонида шудаанд.

Арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар маҷмуъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти Бонки Осиёии Рушд амалӣ гардид.

Тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ нуҳ кӯпрук бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 адад қубури обгузар хобонда шудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нигоҳубини хуби роҳ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, то ин ки он солиёни зиёд барои мардум ҳамчун иншооти муҳим хизмат расонад.

Дар ду шафати роҳ ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ хизмат мерасонад.

www.president.tj