Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошим бо 4 ҳазор ҷойи нишаст

№ 14.10.2024

713 октябр дар идомаи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошимро ифтитоҳ карданд.

Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 3 гектар бунёд гардидааст ва дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.

Дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ 60%-и кормандон аз ҳисоби сокинони  маҳаллӣ таъмин карда шуданд.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 30 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 1 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам аст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки минбаъд бо баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи баланд ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи марказиро пеш аз ҳама барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва умуман вилоят муҳим арзёбӣ карда, онро ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда номиданд.