Ифтитоҳи як зумра иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№108 (3093) 29.08.2013

IMG_0062-м.Ховарон

27 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ифтитоҳи як зумра иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои дигари созандагию ободонӣ бевосита шинос шуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар маросими наздик ба  800 оилаи ниёзманд додани қитъаи замин барои сохтмони хонаи шахсӣ иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, барои омодасозии инфрасохтори зарурии ин маҳалла, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, шабакаҳои обрасонӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ, роҳсозӣ ва ободонии атрофи ин минтақа дар давоми солҳои 2007-2013 аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар маҷмуъ ба маблағи 41 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.

Ғайр аз ин, давоми соли равон барои ободониву бунёди шабакаҳои инфрасохтори мавзеи зикршуда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе қариб 70 миллион сомонӣ сарф карда мешавад.

Чунонки иттилоъ доданд, тибқи нақшаи генералии маҳаллаи Ховарон солҳои наздик дар ин ҷо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои кӯдакона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта мешавад. Дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз чор ноҳияи пойтахт ҷойгир карда мешавад.

***

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор дароварда шуд.

1275566_522913621112162_573026004_o

Тавре зикр гардид, ин дуввумин чунин пойгоҳ дар Тоҷикистон, вале нахустин дар шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд меёбад. Нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ моҳи июли соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта буд.

Ин соҳибкорони ташаббускор, ки намунаи олии ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатро ташкил намудаанд, фаъолияти ин пойгоҳро якҷоя бо мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои мавҷуда ба роҳ мемонанд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 50 адад мототсиклҳои харидоринамудаи ҳамин соҳибкорон, албатта бо розигии соҳибмулкон ба нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳадя карда шуд.

Ин пойгоҳи муосир бо мактаби ронандагӣ аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав ва автобусу мототсиклҳои нави таълимӣ иборат аст.

Аз ҷониби ин соҳибкорон барои ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионӣ харидории беш аз 300 адад техникаи автомобилӣ ва мототсиклҳо дар назар аст. Танҳо барои ҳамин пойгоҳ 30 адад нақлиёти сабукрав, боркаш, автобусҳо ва мототсиклҳо барои гузаронидани машқҳои ронандагӣ ва қабули имтиҳони амалии ронандагӣ ба маблағи зиёда аз 1,9 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст. Инчунин барои муҷаҳҳазонидани майдони ронандагӣ таҷҳизоти инноватсионии компютерӣ барои сабти раванди қабули имтиҳони ронандагӣ ба шабакаи электронии ягона ба маблағи 800 000 сомонӣ васл карда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз мошинҳои таълимӣ нишаст ва нахустин касе шуд, ки дар ин пойгоҳ имтиҳони амалии ронандагӣ супорид. Тавре аз маркази назоратӣ ва идораи мутамаркази пойгоҳ хабар доданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳон бо баҳои хеле баланд гузашт.

Тавре таъкид гардид, ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионии ронандагӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустинанд. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пойгоҳҳо чанд адад танҳо дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мавҷуд аст.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми синфхонаҳо ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, ҷараёни ҳамаи корҳо тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва компютеру мониторҳо мудом назорат карда мешавад. Иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва тамоми машғулиятҳо ва имтиҳону санҷишҳо таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ сурат мегирад ва на муаллим ва на каси дигар ба рафти кор дахолат карда наметавонад. Яъне, тамоми имконоти дахолати инсон ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта мешавад.

Дар ин марказ ҳоло курсҳои чилупанҷрӯзаи ронандагӣ ташкил шуда, ронандаҳои мошинҳои сабукрав, боркаш, автобус ва мототсиклҳо омода карда мешаванд. Ҳоло дарсҳо дар як баст ба роҳ монда шуда, дар як курс 90 донишҷӯй бо омӯзиш фаро гирифта мешавад. Ин тартиби кор имкон медиҳад, ки дар як сол то 500 нафар дар ин ҷо таълим гиранд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки таълим дар ду баст ба роҳ монда шавад, то ки шумораи бештари хоҳишмандон хонда, соҳиби шаҳодатномаҳои ронандагии стандарти ҷаҳонӣ шаванд.

Масрафи умумии таъсиси пойгоҳи мазкур бо назардошти мактаби ронандагӣ ва майдони инноватсионии ронандагӣ беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ин пойгоҳ 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва то охири соли равон шумораи ҷойҳои кории он то ба 200 адад хоҳад расид.

Ин гурӯҳи соҳибкорон нақша доранд, ки бо харҷи 100 миллион сомонӣ боз 6- то чунин пойгоҳҳо ва 30 мактаби инноватсионии ронандагӣ бо садҳо ҷойи кории дигар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то охири соли равон омода созанд. Нисфи ҳамин пойгоҳу мактабҳо то моҳи сентябри соли равон ба кор дароварда мешаванд.

Ин соҳибкорони ташаббускор якҷоя бо роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилӣ азм доранд, ки оянда додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва шароити зарурии истифодаи онҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар доираи ин лоиҳа, аз ҷумла дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки ба таври автоматӣ ҳаракат дар тамоми роҳҳои ба ин кор мутобиқшударо назорат ва идора менамояд.

 ***

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон се бинои боҳашамати иловагии дигар дар назди ду мактаби мавҷудаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ ёфт, ки ҳар се бо тарҳу намои замонавӣ бунёд гардида, дорои шароити муосир мебошанд.

Ду бинои аввал, ки яке бинои зебою муҷаҳҳази таълимӣ ва дуввумӣ маҷмааи сеошёнаи варзишӣ мебошад, дар назди мактаби рақами 56 дар кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино бо тарҳи хеле зебо бунёд ёфтаанд. Бинои нави таълимии ин мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 36 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои компютерӣ, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад.

Бунёд ёфтани бинои нави мактаби рақами 56 боиси шодию нишоти зиёди омӯзгорон, хонандагон ва сокинони атрофи он гардид, зеро то ин вақт аз нарасидани синфҳо таълим дар ин мактаб дар се баст ба роҳ монда мешуд.

Толори бузурге, ки дар ошёнаи якуми маҷмааи нави варзишии мактаб қарор дорад, дорои 420 ҷойи нишаст ва шароити хуб барои намудҳои гуногуни варзиш мебошад.

Бинои иловагии дигари таълимӣ дар назди мактаби рақами 97, ки дар маҳаллаи «Авул 2»-и ноҳияи Синои пойтахт қарор дорад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин бинои сеошёна аз 16 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Сокинони маҳаллаи «Авул 2» аз ифтитоҳи ин бино басо шоду масрур гардиданд, чунки биноҳои қаблии мактаб хеле куҳнаю фарсуда ва осебпазир шуда буданд ва шароити таълимӣ низ дар онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯй набуд.

Ин бинои зебо, ҳамчунин дорои толорҳои замонавии маҷлисӣ бо 220 ҷойи нишаст, варзишӣ бо 130 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва ошхона муҷаҳҳаз мебошад.

www.prezident.tj